ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”

ҚАБУЛИ САЙЁРИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ “ГУЛИ СУРХ”
Дар фарҷоми сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти “Гули Сурх” мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо сокинон ва фаъолон доир гардида, дар як вақт арзу муроҷиати шаҳрвандон низ қабул ва баррасӣ гардид.
Дар ин рӯз 10 нафар сокинони ҷамоати мазкур муроҷиат намуданд, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳо ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.
Ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти “Гули Сурх” нахуст ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсии соли 2020 ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро баён намуда, доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, омодагӣ ба мавсими кишти баҳорӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар масълаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои судманд дода шуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*