БОҒИ ИНТЕНСИВИИ “ФАРЗАНДИ ВАТАН” БУНЁД МЕГАРДАД

Нимаи дуюми 13 январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар деҳоти “Пошкент” бо ҷараёни бунёди боғи интенсивӣ шинос гардид.

Дар боғи мазкур наздик 3 ҳазор ниҳолҳои интенсивии себу нок аз кишвари Туркия дастрас ва дар ҳудуди 2,8 га шинонида шуда, барои таъмини об чоҳи амудӣ кофта шудааст ва дарахтон ба тарзи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд.

Мавриди тазаккур аст, ки ин боғ дар асоси дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи апрели соли 2021 зимни ифтитоҳи Маркази дастгирии оила ва кӯдак “Фарзанди Ватан” баён доштанд, аз ҷониби академикҳо Махкам Маҳмузода, Ӯлмас Мирсаидов ва фарзандони онҳо ташкил шуда, хоҷагии деҳқонии мазкур низ ба таври рамзӣ “Фарзанди Ватан” номгузорӣ шудааст.

Бинобар ин, минбаъд ҳосил ва даромадҳои бадастомада аз ин боғ низ ҳамчун амали хайр барои тарбиягирандагони муассисаи болозикр равона карда мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*