ТАҚДИМИ МУКОФОТПУЛИИ ОЗМУНИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИН” БА ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲР

13 январи соли 2024 раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳр боздид намуд.

Бояд тазаккур дод, ки собиқ бинои мактаб-интернат соли 1957 сохта шуда, аз сабаби фарсуда шудан ва ба талабот ҷавобгӯ набудан, аз нав соли 2010 таъмиру таҷдид карда шуд ва айни ҳол бошад, бинобар фарсуда шудан бинои наву замонавии ба талаботи замон ҷавобгӯ бунёд гашта истодааст.

Бинои мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дастгирии як қатор соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар шафати бинои нав толори варзишӣ низ бунёд карда шуд.

Зимни боздид раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба масъулин бобати дар муҳлати муайянгардида ва босифат ба анҷом расонидани сохтмони бинои наву замонавии мактаб-интернат дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин, барои тарбиятгирандагон ба директори мактаб-интернат 6000 сомонӣ маблағи озмуни вилоятӣ, ки 12 январ ба шаҳри Истаравшан бинобар ишғол кардани ҷойи дуюм тақдим гардида буд, супорида шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*