МАРКАЗИ БАЙНИНОҲИЯВИИ ДИЛШИНОСИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ “АНГИОГРАФ” ГАРДИД

17 январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти МД “Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ”-и шаҳри Истаравшан шинос гардид.

Зимни шиносоӣ ба раиси шаҳр таҷҳизоти муосири тиббии “Ангиограф” муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки таҷҳизоти мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 1 млн сомонӣ аз хориҷи кишвар дастрас шуда, барои гузаронидани баъзе амалиётҳои хосаи самти дилшиносӣ истифода карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои истифодаи мақсадноки таҷҳизоти мазкур мутахассисони маҳаллӣ дар муассисаҳои тиббии хориҷӣ таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои атрофи он минбаъд имкон доранд амалиёти гузоштани девора дар рагҳои хунгузарро бо нархҳои дастрас дар ин марказ иҷро намоянд. Қаблан барои ин амалиёт сокинони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он ба муассисаҳои тиббии маркази вилоят ва пойтахти кишвар, инчунин дар хориҷи кишвар низ бо харҷҳои зиёд муроҷиат мекарданд.

Раиси шаҳри Истаравшан барои бо масъулияти баланд ва муносибати салоҳиятнок истифода кардани таҷҳизоти нав ба масъулин тавсияҳо дод.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*