Вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо интихобкунандагон

 

Дар шаҳри Истаравшан шурӯъ аз 10-ҳуми сентябр вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо интихобкунандагон баргузор шуда истодааст.

Чунин вохуриҳо дар толори беморхонаи шаҳр, коллеҷи тиббӣ ва коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ  бо иштироки вакилон Иброҳим Абдуллозода, Миралӣ Достизода, Абдуҳалим Ғаффоров ва инчунин муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода доир шуд.

Дар мулоқот оиди дастовардҳои даврони истиқлолият, фаъолияти Маҷлиси намояндагони ҶТ, дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, энергетика ва ғайра аз ҷониби вакилон маърӯза шуда, ҳамчунин нуктаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба аҳли нишаст фаҳмонида шуд.

Қайд шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ҶТ барои солҳои 2018-2020» таҳия гардиданд. Ширкатҳои сайёҳӣ тӯли 5 соли аввали фаъолият аз пардохти андози фоида ва воридоти таҷҳизот, масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Аз соли 2018 инҷониб зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфта, шумораи ширкатҳо ба 170 расиданд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар соҳаи энергетика мо ба муваффақияти бузург ноил гаштем. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 25 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 2,4 млрд. доллари Америка татбиқ гардида, муҳимтарин дастовардҳои соҳа ин мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди барқ ба монанди – «Роғун», «Сангтӯда», Душанбе-500», «Суғд-500» ва нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ба шумор меравад.

Чунин вохуриҳо дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилот, раёсати маориф ва литсейи касбӣ-техникии шаҳр то 18 сентябр доир мешаванд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*