ДАВИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН 16.05.2021

ДАВИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

16.05.2021

Субҳи имруз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Дави миллӣ ботантана ва иштироки васеъи сокинони шаҳр, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ташкилоту корхонаҳо, наврасону ҷавонон, занону бонувон, варзишгарон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҳаводорону дӯстдорони варзиш баргузор гардид.

Бақайдгирии иштирокдорони Дави миллӣ аз субҳ, соати 6:00 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 оғоз гардид. Чорабинии мазкурро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ифтитоҳ намуда, нахуст ҳозиринро бо ҷашни муҳим, 30- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, баҳри боз ҳам оммавигардонии варзиш ҳидоят намуд.
Иброз гардид, ки рўзи дави миллӣ – иди умумимиллии оммавӣ – варзишӣ ва тандурустӣ – ташвиқотӣ буда, дар ҳудуди шаҳр бо мақсади ҷалби шаҳрвандони ба рушду камолоти шахсият тавассути тарзи ҳаёти солим ва ҷиҳати таҳкими сулҳ, оммавияти давидан ҳамчун яке аз воситаҳои дастраси таҳкими тандурустии шаҳрвандон, густариши мафкураи олимпизм, муқовимат алайҳи нашъамандӣ ва дигар омилҳои зараровару номатлуб байни сокинони шаҳр ҳамасола оммавӣ гузаронида мешавад.
Сипас ҳама дар назди хати оғоз, яъне СТАРТ аз рӯйи чаҳор номинатсия, давидан байни мардон, бонувон, ҷавондухтарон ва ҷавонписарон омода шуданд ва бо садо додани ҳуштоки доварон Дави миллӣ оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 7 ҳазор нафар иштирок намуданд. Масофаи дав аз 3,5 км иборат буда, барои бехатарии иштирокдорон ва омода будан дар ҳолатҳои фавқулода аз тарафи нозирон ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ роҳпаймоӣ карда шуданд.
Ҷамъбасти чорабинӣ дар назди майдони “Нишон” баргузор гардида, ғолибони Дави миллӣ аз тарафи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо медал, диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадршиносӣ карда шуданд.
ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ! БАҲРИ СОЛИМИИ ХУД ВА БАРПО НАМУДАНИ ҶОМЕАИ СОЛИМ БО ВАРЗИШ МАШҒУЛ ШАВЕД!

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

      

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*