ИФТИТОҲИ ГУРУҲИ НАВ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ “БАҲОР”

Субҳи 27 декабри соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода гуруҳи навро, ки бо дастгирии падару модарон дар муассисаи таълимии томактабии №7 ба номи “Баҳор” бунед гардида, барои 30 кӯдак пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дод.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани гуруҳи нав теъдоди фарогирии кудакон дар ин муассиса ба 120 нафар расонида шуд.

Ҳамзамон, бо иштироки тарбиягирандагони муассисаи мазкур барномаи солинавӣ омода шуда, манзури меҳмонон гардонида шуд.

Дар арафаи соли нави милодӣ ва Паеми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани гуруҳи нав ин ҳадя ба тарбиягирандагони муассисаи мазкур мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки соли ҷорӣ инчунин бо дастгирии падару модарон ва соҳибкорон ин муассисаи томактабӣ бо системаи ягонаи гармидиҳӣ низ пайваст карда шуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*