ДАР “ҚАЛЪАИ МУҒ” РАСТАҲОИ ҲУНАРМАНДӢ ФАЪОЛ ГАРДОНИДА МЕШАВАНД

Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли сипаришуда зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, дар маҷмааи таърихии “Қалъаи муғ” растаҳои ҳунармандони шаҳри Истаравшан фаъол гардонида мешаванд.

Бо ин мақсад раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар маҷмааи таърихии “Қалъаи муғ” бо лоиҳаи растаи ҳунармандон шинос шуда, бо ҳунармандони шаҳри Истаравшан мулоқот доир намуд.

Мавриди тазаккур аст, ки баъди азнавсозии қалъаи мазкур, ки соли 2018 мавриди истифода қарор гирифтааст, барои таъсиси зиёда аз 70 растаи ҳунармандон шароит фароҳам мебошад.

Аз ин лиҳоз, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни суҳбат бо ҳунармандон аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолгардонии растаҳо, инчунин имтиёзҳои мавҷудаи андозбандӣ нисбат ба ҳунармандон маълумот дод.

Ҳунармандон низ дар навбати хеш барои таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушд ва эҳёи ҳунармандӣ изҳори миннатдорӣ карда, барои фаъол кардани растаи ҳунармандон дар ин қалъаи таърихӣ омодагии хешро баён карданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*