НУЪМОН ҲАСАНОВ САРМУРАББИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “ИСТАРАВШАН” ТАЪИН ГАРДИД

17 январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Истаравшан, раиси Федератсияи футболи шаҳр Адҳам Маъмурзода ҳайати нави мураббиёни дастаи футболи “Истаравшан”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот аз ҷониби раиси Федератсияи футболи шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар назди роҳбарият ва ҳайати мураббиёни нав барои иштирок дар Лигаи Олӣ-2024, аз ҷумла интихоби бозингарон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ҳамин тавр, Алишер Фозилов ба ҳайси директори клуби футболи “Истаравшан” боқӣ монда, Нуъмон Ҳасанов – сармураббии даста, Шуҳрат Шамсиев – мураббии калон ва Бахтиёр Холиқов – мураббии даста таъин гардиданд.

Мавриди тазаккур аст, ки Нуъмон Ҳасанов мутахассис аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, дорандаи иҷозатномаи мураббии PRO мебошад ва нимаи дуюми соли 2022 ба ҳайси сармураббии дастаи футболи “Истаравшан” ва дар оғози соли 2023 ба ҳайси сармураббии дастаи футболи “Хуҷанд” фаъолият кардааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*