ИСТАРАВШАН: ИСТИҚБОЛИ БАҲОРИ ФАРХУНДАПАЙ БО ТОЗАКОРИҲО ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ШАҲР АЗ ТОЗАГӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД”

ИСТАРАВШАН: ИСТИҚБОЛИ БАҲОРИ ФАРХУНДАПАЙ БО ТОЗАКОРИҲО ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ШАҲР АЗ ТОЗАГӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД”
1 марти соли равон бо истифода аз ҳавои мусоид ва нахустин рузи баҳорӣ ҷавонони шаҳри Истаравшан баъди вақти дарсӣ тасмим гирифтанд, ки баҳри вусъат бахшидан ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист ва сазовор истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумишаҳрӣ баргузор намоянд.
Дар ҳашари умумишаҳрӣ тамоми сокинони шаҳр, аз ҷумла кормандони касбу кори гуногун ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва маърифати шаҳрдорӣ баҳри ҳифзи муҳити зист ва вусъати корҳои ободонӣ саҳми босазои худро гузошта, дар доираи ҳашар шаффати роҳҳо, хиёбону гулгаштҳо ва каналу ҷуйборҳоро аз ҳама гуна партов тоза намуданд ва ҷиҳати оро додани ҳудуди шаҳр дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинониданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади тоза нигоҳ доштан ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологии шаҳр баргузории чунин тадбирҳо дар оянда низ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*