ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД
2 марти соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти роҳбарии прокурори шаҳри Истаравшан, раиси Шӯро, мушовири адлияи дараҷаи 1 Музаффарзода Шуҳрат ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
Дар кори Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, аъзоёни Шӯро – сардори ниҳоди шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Алиҷон, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр Одиназода Фирӯз, сардори нозироти андоз Давлатмуродов Қаҳҳор, роҳбарони дигар ниҳодҳои қудратӣ, масъулини шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони масъули мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба вазъи иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва парвандаҳои кофтуковӣ марбут ба ҷиноятҳои террористию экстремистӣ дар давраи соли 2020 ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Нахуст раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Музаффарзода Шуҳрат ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ зуҳуроту падидаҳои номатлуб, ба монанди терроризм ва экстремизм вазъиятро дар равобити байналмилалӣ ноором сохта, пайваста ба амнияти кишварҳо таҳдид менамояд, ки ин омилҳо давлату ҷомеаи соҳибтамаддуни моро низ бетараф гузошта наметавонад. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату Ҳукумат ва ҳар яки мо маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор месозад, ки дар ин масъала бетараф набошем. Қайд кардан ба маврид аст, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризму экстремизмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян менамоянд. Аз ин рў, ба субъектони бар зидди терроризму экстремизм муборизабаранда, ҳамчунин субъектони дар мубориза бар зидди он иштироккунанда зарур аст, ки бо мақсади ошкор намудани фаъолияти террористию экстремистӣ аз тамоми қувваю воситаҳо ва шаклу усулҳои муқарраркардаи қонун истифода бурда, ҷиҳати ошкор, пешгирӣ, қатъ намудан ва то ҳадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ-экстремистӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Дар ин раванд, аз ҳозирин даъват ба амал оварда мешавад, ки дар баррасии масъала бомасъулият иштирок намуда, таклифу дархостҳои худро баён намоянд, то ки ҷиҳати пешгирии камбудиҳои ҷойдошта қарори дахлдор қабул гардида, он ба тарбияи солими насли наврас, ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпарвар мусоидат намояд.
Сипас муовини прокурори шаҳр Собирзода Искандар Миралӣ доир ба масъалаи болозикр ҳисобот дода, аз санҷиши доиршуда пешниҳод манзур намуд. Аз ҷумла аз камбудиҳои соҳаҳои мухталиф вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эродҳои ҷиддӣ баён дошт.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода вазъи пешгирии падидаҳои номатлуб зери таҳлили ҷиддӣ қарор дода шуда, барои боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар рафти кори ҷаласа раиси Шӯро – прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Музаффарзода Шуҳрат аз фаъолияти кории шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр, ниҳоди шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маориф дар шаҳр, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, раёсати шуғли аҳолӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сархатиби масҷиди маркази шаҳр пурсишҳо гузаронида, эродҳои ҷиддӣ нисбати камбудиҳои ҷойдошта баён намуданд.
Дар фарҷом Қарори Шӯро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва якчанд вазифагузориҳо аз ҷониби аъзоёни Шӯро қабул карда шуд.
 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*