ИСТАРАВШАН: РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

18 августи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳр, кормандони соҳа, собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ҷамъомади бошукуҳи идона баргузор гардид.

Ҷамъомади идонаро раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳли нишаст ва дар симои онҳо табибони кишварро ба рӯзи иди касбиашон шодбош гуфт ва зикр дошт, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, соҳаи тандурустӣ низ ҳамчун самти муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Мавриди зикр аст, ки шумо вазифаи басо пуршарафу маъсулиятнок, ҳифзи неъмати бебаҳо-саломатии инсонро бар дўш доред ва дар ин ҷода тамоми ҳастии худро бахшидаед. Пешвои муаззами миллат саломатии миллатро сарвати бебаҳо арзёбӣ карда, тавоноии давлатро бе он тасаввурнопазир медонанд. Аз ин рў бунёди ҷомеаи аъзояш солиму бардам ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта яке аз ҳадафҳои асосии давлати тозаистиқлоли мо ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин нуқта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии босифати тиббӣ барои аҳолии шаҳру деҳот тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар идома раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода шаҳодатнома ва нишонҳои фахриро ба 7 нафар кормандони соҳаи тиб, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд, дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Ҳамзамон, барои хизматҳои бисёрсолаи софдилона дар соҳаи тандурустӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба ҷашни зодрӯзи олими бузург, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯали Ибни Сино, иди касбӣ “Рӯзи кормандони тиб” ва 32 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар бо Ифтихорномаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, 10 нафар кормандон ва инчунин якқатор собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинии идона ситораи тобони эстрадаи тоҷик Анвар Ахмедов бо сурудҳои шӯху ҷаззобаш табъи аҳли толорро шод намуд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*