ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №8 -и ДЕҲАИ ЛАКАТ

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №8 -и ДЕҲАИ ЛАКАТ

Дар муассисаи таълимии №8- и ба номи Талъат Мирусмонови деҳаи Лакат бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори барҳавои варзишӣ бунёд гардид, ки бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, сокинон ва фаъолони деҳаи Лакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи толори варзишӣ раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода суханронӣ карда, ба истифода дода шудани толори варзиширо баҳри пешрафт ва ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагон басо зарурӣ арзёбӣ намуд.
Толори варзишӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи падарону модарони хонандагони муассисаи мазкур ва соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, масоҳати он 288 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар муассисаи таълимии №8 ба номи Талъат Мирусмонов 1500 нафар хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки бо бунёд гардидани толори барҳавои варзишӣ имкон пайдо намуданд, фориғ аз дарсу таҳсилот ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.
Дар маросими ифтитоҳ аз ҷониби роҳбарият як гурӯҳ омӯзгорон барои тарбияи дурусти насли ҷавон ва фаъолон баҳри ҳиссагузорӣ дар шукуфоӣ ва пешрафти ватан бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон роҳбарият ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи хонандагон, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан карда, ба ҳунару эъҷози онҳо баҳои баланд доданд ва барои ташкили чунин намоиш изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

       

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*