МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ШАҲР ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ШАҲР ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021
Дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 апрели соли 2021 бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд муҳтарам Саидамин Исомаддинзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, як қатор директорони мактабҳо ва намояндагони васоити ахбори умум маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Нахуст роҷеъ ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ муовини якуми раиси шаҳр Қодирӣ Абдусаттор маърӯза намуда, зикр дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари кориашон ба шаҳри Истаравшан баён гардидаанд, ҳамзамон роҳнамоии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода равона намуда, ба як қатор пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар семоҳаи аввали соли равон иҷроиши нақшаҳои пешбинишудаи даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ 100,5 фоиз, яъне ба маблағи 51 млн 0,33 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд ва иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 31 млн 186 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 554,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Бо андешидани чораҳои амалигардида ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот дар шаҳр ба 169417,3 ҳазор сомонӣ расид.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 128726,1 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 25216,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 124,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин замина, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 298044,5 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 40691,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3015 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар сатҳи 108 фоиз таъмин гардид. Бояд зикр намуд, ки дар семоҳаи аввали соли 2021 хоҷагиҳои кишоварзӣ ба майдони 14365,2 га кишти баҳорӣ гузарониданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар идомаи маҷлис фаъолияти дигар самтҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба муовини раиси шаҳр – сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, раёсати молия, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳрро вазифадор намуд, ки баҳри саривақт ва босифат ҷамъоварӣ намудани андоз аз ҳамаи восита, имконият ва захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Иттилоъ дода шуд, дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти шаҳр таваҷҷӯҳи асосии худро ба рушду инкишофи корҳои сохтмонӣ, ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ равона намуд. Соли равон як қатор иншоотҳои ҳаётан муҳим ба баҳрабардорӣ супорида шуданд. Ҳоло диққати сохтмончиён ба сохта ба истифода додани 450 иншооте, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, равона гардидааст. Дар ин давра аз 450 иншооти ҷашнӣ 373 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд муҳтарам Саидамин Исомаддинзода дар баромади худ нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳрро таҳлил намуда, таъкид ба амал овард, ки дар фаъолияти минбаъда ҳамаи кӯшишу ғайрати масъулин ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда равона карда шаванд.
Дар интиҳои маҷлиси фаъолон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода иброз дошт, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои роҳбарияти вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш оварда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар шаҳр густариши тоза пайдо намуд ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*