Маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба  09.05.2020

Маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба  09.05.2020

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Истаравшан муҳтарам Амирхон Қурбонзода ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва поси хотири шаҳидони роҳи озодӣ дар пояи Муҷассамаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и шаҳр гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзодаро Раиси шӯрои ветеранҳои шаҳр Қаюмов Абдуваҳҳоб ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода барои пос доштани хотираи қаҳрамонону иштирокдорони роҳи ғалаба ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Гулхани абадӣ” гулчанбар гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон барои ба даст овардани ғалабаи бузург намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Баъдан аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба хотири арҷгузорӣ ба хидмати фидокорони Ватан гулчанбарҳо гузошта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати бобарори иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд. Ин аст, ки дар рӯзҳои иди ғалаба ва дигар ҷашнҳои умумимиллӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*