ТАШРИФИ ГУРУҲИ КОРИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Дар асоси дастури Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2023 зимни баргузории ҷаласаи васеи Федератсия баён гардида буд, 16 январи соли ҷорӣ бо роҳбарии ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов гуруҳи корӣ ҷиҳати шиносоӣ бо рафти омодагии клуби футболи “Истаравшан” ва варзишгоҳи марказӣ ба мавсими нави футбол ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Нахуст, раиси шаҳри Истаравшан, роҳбари Федератсияи футболи шаҳр Адҳам Маъмурзода бо ҳайати мазкур мулоқоти корӣ анҷом дода, вобаста ба дастгириҳои пайвастаи ФФТ изҳори сипос баён намуд, инчунин оид ба натиҷаҳои бадастомадаи соли 2023 ва нақшаҳои федератсияи футболи шаҳр дар соли 2024 иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки бо мақсади беҳтар кардани натиҷаҳо дар соли 2024 ва комёб гардидан ба роҳхат барои иштирок дар бозиҳои КФО тадбирҳои мушаххас андешида, бо ин мақсад сармураббии ботаҷриба аз хориҷи кишвар даъват ва ҳайати бозингарон таҷдиди назар гардида истодааст.

Инчунин, тибқи супориши протоколии ФФТ масъалаи таҷдиди чаманзор, барқарорсозии чароғҳои равшанидиҳанда ва таъмири ҷории Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан оғоз гардидааст.

Дар навбати худ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва ҳайати ҳамроҳ аз дастовардҳои клуби футболи “Истаравшан”, хоса мухлисони он ибрози андеша карда, ҷиҳати бартараф кардани баъзе аз камбудиҳои мавҷуда ва беҳтар кардани вазъи молиявии клуб пешниҳодҳои хешро манзур намуданд.

Сипас, гуруҳи корӣ бо ҳамроҳии раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба варзишгоҳи марказӣ рафта, аз ҳолати имруза ва лоиҳаи нақшаи барқарорсозии варзишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*