Мусобиқа оид ба бокс байни ҷавонон

Аз 18 то 21 октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба намуди бокс байни ҷавонони соли таваллуди 2003-2006 ва калонсолон бахшида ба солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ” ва ба шарафи 50 – солагии Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Қаҳрамон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур аз тамоми манотиқи мамлакат ва Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон зиёда аз 175 нафар муштзан ширкат варзидаанд. Вилояти Суғд дар байни дастаҳо ҷойи якумро, ҷойи дуввум вилояти Намангани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷои сеюмро вилояти Хатлон ба даст оварданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии варзишӣ ин тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон, байни варзишгарони ҷавон ва наврасон, ҳамчунин тарбияи ҳарбӣ- ватандустӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани нашъамандӣ, пайдо намудани дӯстии рафоқат байни варзишгарон мебошад.
Дар фарҷом ғолибони мусобиқа аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*