НИШАСТИ МАТБУОТИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП – 1729 “Оид ба гузаронидани нишасти матбуотӣ” ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 15 феврали соли 2021 нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Маъмурзода Адҳам Маъмур баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, муовини якуми раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои марбута ширкат варзиданд.
Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2020 суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки новобаста аз душвориҳои ба миён омада, яъне паҳншавии бемории сироятии “Сovid-19” ва авҷ гирифтани хавфи ногувори иқтисодӣ дар натиҷаи фаъолияти пурсамар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли сипаригардида таъмин гардид.
Тибқи маълумотҳо нақшаи даромади буҷети шаҳри Истаравшан дар соли 2020 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бо назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 208 млн. 444,0 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 млн. 900,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1 млр. 359 млн. 203,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 1 млр. 154 млн. 209,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти зироатӣ, 204 млн. 994,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол кардаанд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76 млн. 464,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нақшаи иҷроиш 106,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ тибқи регламенти қабулгардида, ки тӯли 60 дақиқа муайян шуда буд, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вазъи ҷинояткорӣ, танзими расму оинҳо, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати муассисаҳои таълимӣ, кор бо муроҷиати шаҳрвандон, вазъи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳр, маданияти шаҳрдорӣ, иштироки корхонаҳои муштарак дар ободонӣ ва бунёдкорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, рушди сайёҳӣ, вазъи саноати шаҳр, таъминот бо об, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ба монанди ин посухҳои қонеъкунанда дода шуд.
Дар ҷамъбаст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳамкориҳои судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, тарғиби арзишҳои миллӣ, инъикоси дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат миннатдории хешро изҳор намуд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
  

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*