ОҒОЗИ НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ СОҲАИ САНОАТ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГИЮ АДАБИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Имруз, санаи 6 августи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии “Ирам”-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти соҳаи саноат, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангию адабии шаҳри Истаравшан баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинон ва меҳмонони пойтахт бо қаноатмандӣ ва хушнудӣ пазироӣ карда шуд.

Дар чорабинии бошукуҳи идона намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Қодирзода Руслан Раҷаб, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, сокинон ва меҳмонони пойтахт ширкат варзиданд.

Ҳамзамон намоиши бошукуҳи ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои шаҳри Истаравшани бостонӣ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки бозгӯи таърихи гузаштаи ин шаҳри қадимии тоҷикон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз дар боғи мазкури пойтахти мамлакат барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки санъаткорони шаҳри Истаравшан гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*