Рӯзи матбуот

Ҳамасола санаи 11 март Дар Тоҷикистон “рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил мегардад. Таҷлили ин сана аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф», ки нахустшуморааш 11 марти соли 1912 ба табъ расидааст, сарчашма мегирад.
Дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан низ бахшида  ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки беш аз 100 нафар собиқадорони матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори омма ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Чорабиниро муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода ҳусни оғоз бахшида аҳли нишастро бо иди касбиашон муборакбод намуд ва табрикоти и.в. Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзодаро қироат кард.
Сипас раиси бахши истаравшании иттифоқи журналистони Тоҷикистон Юсупов Баҳром матбуотчиёни шаҳру деҳоти Истаравшанро бо иди касбиашон табрик гуфт. Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯзноманигорони кишвар шароити басо хуби меҳнату эҷод фароҳам оварда шудааст ва журналистон бо истифода аз имкониятҳо дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро инъикос ва тарғиб менамоянд.
Сармуҳаррири нашрияи “Паёми Истаравшан”-и МИҲД Ӯктами Нурулло ҳамаи аҳли қаламро бо иди касбиашон табрик гуфта, таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маҳсули эҷоди рӯзноманигорон арҷ мегузорад ва барои ҳалли масоили мубрами ҷомеа аз он истифода менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони воситаҳои ахбори омма дар “Соли рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот” имкониятҳои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла табиати дилфиреб, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои самтҳои мухталифи хоҷагии халқро инъикос намуда, бо таҳлилу баррасии мушкилоту муаммо ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо саҳми назарраси худро барои пешрафти рўзгори ҷомеа ва ҳаёти мардум мегузоранд.

Баҳри тарғибу ташфиқи ғояҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ саҳми арзанда гузоштан ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ба якқатор собиқадорони матбуот, раисони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонон сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Истаравшан тақдим карда шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*