Таваҷҷӯҳ


ғамхории навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба табибон ва беморони  шаҳри Истаравшан.

 

          Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтим

оию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновир

ус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 8 мошини пурбор ба миқдори зиёда аз 61 тонна кӯмаки моддии Пешвои муаззами миллат аз пойтахти мамлакат ба шаҳри Истаравшан фиристода шуд.

         Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар намуди хӯрокворӣ иборат мебошад.
Дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳри Истаравшан ҳамзамон маводи зарурии доруворӣ ба маблағи 41127 сомонӣ низ ворид гардид. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои шаҳр сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда шуд.
Кӯмаки зикршуда, ҳамаи табибон ва инчунин беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи шаҳрро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи шаҳри Истаравшан мебошад.
Бояд қайд намуд, ки мардуми саодатманди Истаравшани бостонӣ изҳори миннатдории самимонаи хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаашон баён менамояд!

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*