Ташрифи Сафири Ҳиндустон ба Истаравшан

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тибқи нақшаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх аз 16-ум то 19-уми март дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Конибодом сафари корӣ анҷом медиҳад.
16-уми март ҷаноби Вираҷ Сингх ва доктор Абдул Самӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр гурӯҳи ҳайат бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Истаравшан
Нигора Наимҷонзода чун анъана бо нону асал ва садои карнай пешвоз гирифт.
Баъдан дар толори МИҲД-и шаҳр рӯнамои китоби Саидумар Султони Кавкабӣ “Муқоисаи достони “Комде ва Мадан”-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бо достони ҳамноми Бедил” доир гардид.
Ҷамъомадро муовини раиси ш. Истаравшан Нигора Наимҷонзода ифтитоҳ бахшида суханро ба Вираҷ Сингх вогузор намуд. Сафири аъзам дар бораи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ин ду кишвар сухан карда изҳор намуд, ки ӯ дер боз орзуи дидор бо мардуми Истаравшани бостониро мепарварид ва инак чунин имконият ба ӯ даст дод.
Баъд аз он устод Саидумари Султон дар бораи корҳои тадқиқотиаш ва аз ҷумла китоби “Муқоисаи достони “Комде ва Мадан”-и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бо достони ҳамноми Бедил”
маълумот дода изҳор намуд, ки боз нақшаҳои зиёди созанда дар ин ҷода дорад.
Баъдан устодони донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд, муҳаққиқон Саидумрон Саидов ва Содирхон Умаров дар бораи доираи адабии Истаравшан, робитаҳои он бо дигар доираҳои адабӣ, таъриху фарҳанги ин шаҳри бостонӣ ва корҳои тадқиқотии олим Саидумари Султон изҳори назар намуданд.
Ҳоҷӣ Раҳмат Қодиров аз ш. Исфара дар бораи ҳамкориҳояш бо Саидумари Султон дар тадқиқи осори шоир Сайфи Исфарангӣ андешаҳояшро баён намуд.
Шоира Раънои Зоирдухт низ доир ба корҳои созандаи устод Саидумари Султон ва саҳми ӯ дар тарбияи қаламкашони ҷавони Истаравшан суханронӣ намуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингх вобаста ба пешниҳоди аҳли таҳқиқу қалам нақшаҳои сафоратхонаи Ҳиндустонро дар Тоҷикистон баён намуд. Аз ҷумла гуфт, ки минбаъд дар таҳия ва чопи китобҳои вобаста ба робитаҳои дӯстонаву фарҳанги муштараки ду кишвар, инчунин мусоидат намудан ба тадқиқгарони Тоҷикистон баҳри истифода аз китобхонаҳои бузурги шаҳрҳои Ҳиндустон барномаи махсус таҳия гардидааст.

Дар хотима устод Саидумари Султон барои қадршиносӣ ва ташкили чунин чорабинӣ ба дастандаркорон ва аҳли толор миннатдорӣ баён кард.
Дар ҷараёни сафар меҳмонон аз Коллеҷи мардумии Истаравшан ва мавзеи таърихии Қалъаи Муғ дидан карданд.

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*