Хонишҳои сиёсӣ

16.04.2020 дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар МТМУ №44 -и деҳаи Варсиқ мулоқоти судманд бо иштироки ҷавонони шаҳр доир ба мавзӯҳои “Паёми Пешвои миллат -раҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон”, “Истиқлолияти энергетикӣ”, ” Қонунҳои миллӣ-кафили зиндагии шоҳномаи мардум”, “Нашъамандӣ-зуҳуроти хатар ба амнияти миллӣ”, “Шабакаҳои иҷтимоӣ-дуруст ба хотири пешгирӣ аз хатарҳо”, Хизмат ба Ватан шараф аст! ” ва пешгирии вируси “COVID-19” баргузор гардид.
Вобаста ба мазмуну муҳтавои чорабинии мазкур сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҷовиди Ҷамшед ва Роҳбари маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Сайфиддинова Шоиста суханронӣ намуданд.
Ҷавонони шаҳри Истаравшан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирашон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон арзи сипос баён намуданд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*