ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
19 феврали соли 2021 ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони “Нишон”-и шаҳри Истаравшан чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода, муовини якуми раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти судӣ, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, комиссариати ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзиданд.
Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан суханронӣ намуда, собиқадорон ва афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо ин санаи фархунда таҳният намуд. Зикр гардид, ки имруз мардуми шарафманди Тоҷикистон 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд. Тӯли 28 сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро дар назди Ватан-модар адо намуда истодаанд.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола садҳо ҷавонони ба ору номуси Истаравшан ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии худро аз ҳама боло гузошта, ба сафи Артиши Миллӣ шомил ва ба номи пуршарафи сарбози ватан мушарраф мегарданд. Итминони комил дорам, ки ҳар яки онҳо ба савганди худ содиқ монда, барои халқу ватан, пойдорию устувории сулҳу ваҳдат ва шукуфоии кишвари маҳбубамон хизмат менамоянд.
Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни таърихӣ, 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният намуда, ба Шумо саломатӣ, осоиши рӯзгор, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту комёбиҳои беназирро орзумандам, – афзуд Адҳам Маъмурзода.
Сипас фаъолон ва волидайни сарбозоне, ки барои саҳмгузорӣ дар раванди баланд бардоштани ташаккули тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон ҳиссагузоранд бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Дар интиҳо баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр консерти идона пешкаш гардида, чорабинии тантанавӣ бо суруду таронаҳои Ватан – модар ҷамъбаст гардид.
     

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*