Ӯ дилбастаи маърифат аст

  23-юми ноябри соли равон  хонандаи инфи 9-уми гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан Фаридун Ёқубов дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосир шоистаи мақоми дуюм гашта, бо диплом, сипоснома  ва 7 000 мукофотпулӣ  қадр гардид. Ёдовар мешавем, ки номбурда дар даври шаҳрии озмун мақоми аввалро гирифта буд.

Барои дӯстдорони ростини илму адаб аз китоб арзишмандтар чизе нест.  Онон дилбастагони маърифатанд. Китобу  устодро чун хазинаву  бахшандаи ин неъмат қадр мекунанд. Ҳар сафҳаи он барояшон оламест пурасрору кашфношуда. Мазмуну зебоии ҳаётро аз нигоштаҳои китоб дармеёбанд.             Фаридун Ёқубовро новобаста аз ҷавонӣ метавон  аз зумраи чунин афрод номид. Илмпарвару шеърдӯст аст.  Аз хондани калимаи зебое ба ваҷд меояд. Кироати мисраъву байти олӣ  қалби кӯчакашро лабрези сурур мегардонад. Худ ки раҳнаварди олами сеҳрангези шеър аст, мехоҳад бо чакидаҳои  хома  дар кашфи ин олами пурасрор саҳм гузорад.

– Синфи 5 будам.  Ва нахустин навиштаҳоямро ба устодам, омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти мактабамон Анвар Қаюмов нишон медодам.  Устод сари ҳар калимаю ибора бодиққат фикр карда,  ҳусну қубҳи шеърамро мегуфтанд. Барои вусъат бахшидани фикрам хондани баъзе китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳоро тавсия медоданд. Баъдтар бо ташаббуси ҳамин кас дар мактабамон маҳфили «Нуктасанҷ» ташкил шуд. Дар он доир ба нозукиҳои шеър,  илми арӯз, қофия, радиф ва санъатҳои бадеӣ маълумот мегирифтем.  Ҳамчунин чандин бор ҷамъомаду вохӯрӣ бо адибони босоншаҳр, чун  Валиҷон Акбарӣ, Раънои Зоирдухт…. гузаронида шуд. Фикр мекунам, ки маҳз  дастгириву роҳнамоии устод ва подоши хониши пайваста буд,  ки ба ин дастовард ноил гардам, – мегӯяд Фаридун ва илова мекунад: – Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» оламе наверо ба рӯям боз кард. Ҳамин боис аз осори насриву назмии  аксар суханварони адабиёти муосир баҳар бардоштам. Баробари ин, муяссарам гашт, ки бо Фарзона, Камол Насрулло, Аҳмадҷони Раҳматзод барин суханварони мумтоз рӯ ба рӯ истода, порае аз ашъорашонро қироат кунам.

Фаридун зодаи хонадони зиёист. Падараш Фаррух Ёқубов ва модараш Шаҳноза Ёқубова маълумоти тиббӣ гирифтаанд. Бобоёнаш  Комилҷон Ёқубов муаллими фанҳои таъриху ҳуқуқ мебошад. Камолҷон Ёқубов, омӯзгорони. Бобои модарӣ Анвар Комилов сардухтури беморхонаи  касалиҳои рӯҳии шаҳри Истаравшан мебошад.

–   Волидонам аз хурдӣ ба хониши китоб талқин мекарданд. Махсусан бибиҳоям Матлуба Комилова ва Муаттара Ёқубова сухандону илмдӯст буда, ҳар гоҳ дар сари дастархон шеърхонӣ мекунанд. Ё аз дидаву шунида нақлҳои аҷиб менамоянд, ки ин албатта дар бедоршавии завқи китобхониамон саҳм мегузорад.

Фаридун дар хона китобхонаи шахсӣ ташкил кардааст, ки шумораи китобҳояш ба 610 адад расидаанд. Чун аз миқдори китобҳои хонда суол додем, чунин гуфт: «То даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»  80 китоб мутолиа карда будам. Баъди он ки бо тарғиби устодам  хоҳиши ширкат дар озмун пайдо шуд, шумораи китобро ба 186 расондам. То ҳол бештар аз 200 китоб мутолиа кардаам.

Фаридун дар мактаб низ яке аз хонандагони фаъолу ҷӯё буда, борҳо бо иштирок дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ шарафи гимназияро баланд бардоштааст.

Бо овардани намунае аз эҷодиёташ барояш дар ҷодаи тасхири илму такмили маърифат гомҳои устувор мехоҳем. Бигзор чамани орзуҳояш ҳамеша рангину шукуфон бошад!

 

 

 

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*