ИҶРОИ БОСИФАТИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲО МУҲИМ АРЗЁБӢ ГАРДИД


Субҳи 18 апрели соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки васеи масъулини соҳаҳо ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Истаравшан доир гардид.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода нахуст аз баргузории маҷлиси фаъолони вилояти Суғд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17 апрел доир гардид, иттилоъ дода, ҳамаи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро барои амалӣ намудан ба самъи ҳозирин расонид.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои самаранок истифода намудани замин, ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани дурнамои кишт аз руи структураи муайняншуда, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, дар заминаи корҳои фаҳмондадиҳӣ мақсаднок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, рушди боғу токпарварӣ, ба роҳ мондани фаъолияти гармхона ва сардхонаҳо, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ, барои ду сол захира кардани маҳсулоти хӯрока ва дигар масъалаҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи дурнамо бояд соли ҷорӣ дар майдони 18685 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шавад, ки то имруз ин нишондод ба 15805 гектар ё худ 84,6% баробар гардидааст.
Дар рафти кори ҷаласа инчунин ба масъалаҳои сифатнок иҷро кардани нақшаи андозҳо ва қисми даромади буҷет, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва зиёд кардани номгуи маҳсулоти истеҳсолшаванда, махсусан маҳсулоти воридотивазкунанда, ҳамкорӣ ва мусоидат намудан ба соҳибкорон, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷсолаи рушди соҳаи саноат таҳия кардани нақшаи мушаххаси чорабиниҳо ва аз руи он ба роҳ мондани корбарӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, шахсони дахлдор муваззаф гардонида шуданд.
Дар идома ба масъулини соҳаи маориф ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ супоришҳо дода шуда, таъкид гардид, ки сафи иштирокчиёни олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ зиёд карда шавад.
Дар ҷамъбаст масъалаи ҷараёни иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ таҳлил карда шуда, барои ҳарчӣ пештар ҷамъбаст кардани маъракаи мазкур Комиссияи даъват, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳалла вазифадор гардиданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар охир таъкид намуд, ки барои таъмини иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони вилоят баён доштанд, аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва ташаббусҳои навро тақозо менамояд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*