Мулоқот бо ҷавонон

Дар толори МИҲД-и шаҳр, мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроия ва сохторҳои қудратӣ бо ҷавонону наврасон ва варзишгарон дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ баргузор шуд.
Муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аскар Ҳотамов, намояндагони ШВКД ва кумитаи амнияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан Миркаримзода Мирҳамза ва Нафасов Алишер ва намояндаи кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳр Иброҳимов Баҳодурхон ба сухан баромада оиди проблемаи мубрами рӯз фикру ақидаи худро иброз доштанд.

Мулоқот бо ҷавонон ва наврасон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа ташкил карда шудааст.
1Баромадкунандагон қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша терроризму экстремизмро қотеона маҳкум намуда, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб   тадбирҳои  зарурӣ меандешад.
Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳоло зиёда аз 160 нафар сокинони истаравшанӣ дар кофтукоб буда, панҷ нафар аз онҳо таҳсили ғайрирасмии динӣ дар хориҷа доранд.
Ҷавононро бояд чунон тарбия намуд, ки дониш омӯзанд ва касбу ҳунар ёд гиранд ва ба сомонаҳои интернетӣ бе зарурият ворид нашаванд, то ки ҳилагарон аз ин истифода бурда ба доми худ мекашанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст. Ин далел бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки мушкилоти мубориза бо ин омилҳои манфӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон то чӣ андоза ҷиддӣ аст.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*