Озмуни шириниҳои миллӣ

Дар Маркази хизматрасонии “Шириниҳои шоҳона”-и шаҳри Истаравшан бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” (десерт) бо иштироки кадбонуҳои моҳири шаҳру деҳот баргузор шуд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Фирӯза Мӯъминова иброз дошт, ки ҳадафи баргузори озмун ҷалби занони ҳунарманд ва кадбонуҳои хушзавқ, гиромидошти ҳайсияту эътибори зан дар ҷомеа, баланд бардоштани маҳорати пазандагӣ, эҳёи шириниҳои миллӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона ва ҳисси зебоипарастӣ мебошад.
Дар озмун 6 нафар ширкат варзида, намуди гуногуни шириниҳоро намоиш доданд.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолибони озмун муайян гардиданд:
Ҷойи сеюм насиби Мунира Ҳайдарова аз кумитаи маҳаллаи “Б. Ғафуров”, ҷойи дуюм насиби Соҷида Азимбоева аз Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” ва ҷойи аввал насиби Парвинаи Саттор аз кумитаи маҳаллаи “Навоӣ” гашт.
Муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода диплом ва туҳфаҳои раиси шаҳрро тақдим намуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*