ТЕЛЕВИЗИОНИ МИНТАҚАВИИ “ИСТАРАВШАН HD” (АФШИН) БА ФОРМАТИ РАҚАМӢ ГУЗАШТ

ТЕЛЕВИЗИОНИ МИНТАҚАВИИ “ИСТАРАВШАН HD” (АФШИН) БА ФОРМАТИ РАҚАМӢ ГУЗАШТ
Санаи 26 апрели соли равон телевизиони минтақавии “ИСТАРАВШАН HD” ба формати рақамӣ гузашта, ба фаъолити худ шурӯъ намуд.
Зимни оғози фаъолият раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода аз идораи телевизиони мазкур боздид намуда, ба пахши санҷишии он бо фармати рақамӣ аз наздик шинос гардид.
Тавре аснои боздид ба раиси шаҳр итиллоъ дода шуд, телевизиони хусусии “Истаравшан HD” собиқ “Афшин” соли 1991 бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Эҳсонулло Абдуллозода ба кори худ шурӯъ намуда, тули 30 сол баҳри тарғибу тарбияи ҷомеа барномаҳои ҷолибу рангинро омодаву пешкаши тамошобинон мегардонад. Бо сабабҳои гузаштан аз пахши аналогӣ ба рақамӣ як муддат фаъолияти телевизиони мазкур боздошта шуда, дар доираи сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шурӯъ аз 26 апрели соли 2021 фаъолияти худро бо пахши дақиқияташ баланди рақамии DBT – 2 ва тарҳи нав “Истаравшан HD” оғоз намуд.
Айни замон барномаҳои телевизиони “Истаравшан HD” аз фиристандаи мавзеи “Куктош” пахш карда шуда, фарогири ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич, Зафаробод ва ҳамсоя кишвари Узбекистон мебошад.
Тамошобинон метавонанд, тавассути мавҷи шабакаи 59-ум ба системаи телевизиони DBT – 2 пайваст гарданд.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан
    

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*