Ҷавонон дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз мекунанд!

Конференсияи ҷавонон таҳти унвони
“Ҷавонон дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз мекунанд! ”

28.07.2020.             ш.  Истаравшан

Имрӯз дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Истарашан Конференсияи ҷавонон таҳти унвани “Ҷавонон дастовардҳои Иститиқлолиятро ҳифз мекунанд! ” гузаронида шуд.
Дар ин Конференсия муовини Раиси шаҳр Наимҷонзода Нигора, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан Ҳотамзода Аскар, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Акмал Фозилов, Раиси шӯрои ҷавонони Беморхонаи марказии шаҳр Шарифи Одилзод, аъзоҳои ташкилоти ҷамъиятии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и шаҳри Истаравшан ва инчунин 60 нафар ҷавонони фаъоли сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Оғози Конференсия бо тамошои филми “Хиёнат” баргузор гардида, вобаста ба филм баҳзу мозокира аз тарафи иштирокчиён гузаронида, фикри худро иброз намуданд.
Дар охир ба як қатор иштирокчиёни фаъоли озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Ватан – хиёнатро  намебахшад!” аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*